LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон мизбонро шикаст дод

Имрӯз, 7-уми июл дар шаҳри Аҳмадободи кишвари Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни мунтахабҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи мунтахаби кишвар хотима ёфт. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ҳарду голи Ҳиндустондро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-уми (аз пеналти) ва 41-ум муаллифӣ намуд. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз даруни дарвозааш берун орад. Голҳои мунтахаби кишварро  Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тавр яккачини  кишвар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуданд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии ниҳоии хешро мунтахаби кишвар санаи 15-уми июл бо дастаи Сурия доир менамояд. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» 

Даври 1-ум 

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН– 2:4 

Голҳо: Сунил Четри, 4 - пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив