LIVE

Гвардиола:"ФИФА ва УЕФА футболбозонро мекушанд"

Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола дар бораи фишор дар тақвими мавсими 2020/2021 сухан гуфт.
“Бозингарон одам ҳастанд, на мошин. Ман медонам, ки баъзе футболбозон вақте дар ҳама бозиҳо ширкат намекунанд,  асабонӣ мешаванд, аммо ин имконнопазир аст. Албатта, онҳо метавонанд бозӣ кунанд, аммо ҳама ба истироҳат ниёз доранд. УЕФА ва ФИФА футболбозонро мекушанд, зеро тақвим аз ҳад зиёд аст. Мо аз оғози мавсим ягон ҳафта истироҳат накардаем. Бозигаре нест, ки ба чунин ҷадвал ҳам аз ҷиҳати руҳӣ ва ҳам ҷисмонӣ тоб орад. Ин ғайриимкон аст ”, - гуфтааст Гвардиола.
“Манчестер Сити” дар 31 бозӣ 74 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали Премйер Лига дар ҷойи 1-ум қарор дорад. Дар даври чорякниҳоии Лигаи чемпионҳо “Манчестер сити” бо “Боруссия Дортмунд”  бозӣ мекунанд. Ин рақобатҳо рӯзҳои 6 ва 14 апрел баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив