LIVE

Талафоти бузурги "Бавария" дар пешурӯи бозӣ бо "ПСЖ"

Ҳамлагари "Бавария" ва мунтахаби Полша Роберт Левандовски  дар баробари бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо яккачини Англия, инчунин дар ду дидори даври 1/4 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили "ПСЖ"-ро низ аз даст медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Левандовский дар дақиқаи 63-юми бозии даври 2-юми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо мунтахаби Андорра (3:0) лат бардошт. Ташхиси навбатӣ нишон додааст, ки пайвандҳои зонуи росташ осеби ҷиддӣ бардоштааст ва ӯ натанҳо бар муқобили Англия, балки дар Лигаи Чемпионҳо низ баромад карда наметавонад.
Ҳангоми муоинаи тиббӣ маълум гардид, ки  зонуи росташ осеб дидааст. Левандовски ҳайати тими миллии Лаҳистонро тарк карда, барои барқароршавӣ таҳти назорати табибони “Бавария”қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив