LIVE

Тамрини ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Мянма

Тими мунтахаби Тоҷикистон дирӯз, 13-уми ноябр тамрини ниҳии хешро пеш аз бозии даври 5-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар зидди яккачини Мянма баргузор кард. Дар тамрини яксоата ҳайати пурраи мунтахаби кишвар сарҷамъ омада, ба тамринҳо машғул шуданд. Ёдовар мешавем, ки бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои Мянма ва Тоҷикистон дар гурӯҳи “Ғ” имрӯз соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Инчунин мухлисон ва ҳаводорон имкон доранд, ки бозии мазкурро тавассути шабакаи ТВ “Варзиш” мустақиман тамошо намоянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив