LIVE

Левандовски бар муқобили мунтахаби Англия ҳунарнамоӣ намекунад

Ҳамлагари "Бавария" ва мунтахаби Полша Роберт Левандовски  бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022-ро бо яккачини   Англия аз даст медиҳад, менависад  сомонаи расмии  тими миллии Лаҳистон.
Ёдовар мешавем, ки Левандовский дар дақиқаи 63-юми бозии даври 2-юми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо мунтахаби Андорра (3:0) иваз карда шуд. Баъдтар, мураббии тими миллии Лаҳистон Пауло Соуса гуфт, ки ҳамлагар дар  зонуаш дард эҳсос кардааст.
Ҳангоми муоинаи тиббӣ маълум гардид, ки  зонуи росташ осеб дидааст. Левандовски барои пурра барқарор шудан дар бозии рӯзи 31 март таъиншуда  бо   англисҳо  ба майдон нахоҳад баромад,  зеро табобати ин намуди ҷароҳат аз 5 то 10 рӯзро дар бар мегирад. Левандовски ҳайати тими миллии Лаҳистонро тарк карда, барои барқароршавӣ ба “Бавария” бармегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив