LIVE

Узрхоҳии довар аз голи баҳисобнагирифтаи Роналду

Доварии бозии тимҳои мунтахаби Сербистон ва Португалия Дэнни Маккели барои ба ҳисоб нагирифтани голи задаи сарвони тими мунтахаби Португалия Криштиану Роналду узр пурсид. Ӯ баъди бозӣ ба назди сармураббии мунтахаби Португалия Фернанду Сантуш омада, барои иштибоҳи содиркардааш узрпурсӣ намуд. Сармураббии Португалия Сантуш ба сомонаи хабаррасонии Eurosport.co.uk бозиро чунин шарҳ дод:

“Довар баъде оне, ки баъди бозӣ хатогии худро фаҳмид, ба назди ман барои узрпурсӣ омад. Ман оиди натиҷаи бозӣ чизе шарҳ доданӣ нестам. Мо сербҳоро омӯхтем, ки бо онҳо чӣ гуна бозӣ бояд намуд. Ҳамчуноне, ки дар қисми аввал бозӣ намуда будем. Мо фаҳмидем, ки онҳо дар қисми дуюм рафти бозиро тағйир доданӣ ҳастанд ва барои ин бозингаронашонро омода намуда буданд. Сербҳо дар қисми дуюм хуб бозӣ намуданд ва оқибат гол заданд. Мо тамоми кушишамонро истифода бурдем, то натиҷаро ба суди худамон ҳал намоем. Дар охири бозӣ тӯб аз хати дарвоза қариб ним метр дарун даромад, аммо гол ба ҳисоб гирифта нашуд. Ин натиҷаи мунсифона мешуд, агар гол ба ҳисоб гирифта мешуд. Натиҷаи мусовӣ нишондиҳандаи он нест, ки мо муқобили соҳибони майдон хуб бозӣ карда натавонистем. Гол бояд ба ҳисоб гирифта мешуд, чун аз хат ба даруни дарвоза гузашта буд.”

Хотиррасон менамоем, ки дар бозии мунтахабҳои Сурбистон ва Португалия дар дақиқаи 3-юми иловагӣ голи задаи Роналдуро ҳимоятгари мунтахаби Сербистон аз даруни дарвозаи холӣ гардонд, ки аз тарафи довар он ба ҳисоб гирифта нашуд. Дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон сестемаи видеодовар (VAR) истифода бурда намешавад. Бозӣ бо натиҷаи 2-2 ба анҷом ҳисобида шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив