LIVE

Ноадолатии доварон нисбати Роналду

Сарвони тими мунтахаби Португалия Криштиану Роналду пас аз он, ки доварон голи ӯро ҳисоб накарданд, дастбанди капитании худро ба замин партофт. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Португалия бо Сербия (2:2) бозӣ кард. Дар дақиқаи 3-юми вақти изофӣ, Роналду аз беруни майдончаи ҷаримавӣ зарба зад, ки яке аз ҳимоятгарони тими миллии Сербия тӯбро бо пояш аз дарвоза берун кард, аммо тӯб хати дарвозаро убур карда буд. Футболбозони тими миллии Португалия ба довар ишора карданд, ки тӯб аз хати дарвоза гузашт, аммо довар голро ҳисоб накард. Роналду барои хашми худ бо қарори довар корти зард гирифт. Пас аз он, ҳамлагар дастбанди капитаниро ба майдон партофт. Дар бозии даври 2-юми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дастаи мунтахаби Сербия бо тими миллии Португалия мусовӣ кард. Вохӯрӣ дар шаҳри Белград баргузор шуда, бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив