LIVE

Се голи беҷавоби мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи Муғулистон

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар муқобили тими миллии Муғулистон ғалаба ба даст овард. Ҳисобро ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон - Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 3-юми бозӣ кушод. Дар қисмати аввали рақобат миллипӯшони тоҷик ду маротибаи дигар тӯбро ба дарвозаи мунтахаби Муғулистон ворид намуданд, аммо довар ин голҳоро бо сабаби қоидавайронкунӣ ба инобат нагирифт. Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ ба футболбози дигари мунтахаби кишвар Алишер Ҷалилов имкон даст дод, ки ҳисобро 2 бар 0 намояд. Ҳамлагари ҷавони мунтахаби кишвар Шаҳром Самиев, ки дар чемпионати Малдова баромад мекунад, дар дақиқаи 78-уми вохӯрӣ ба майдон баромад ва бо гузашти 10 дақиқа ба задани гол даст ёфт. Ҳаминтавр тими миллии Тоҷикистон дар бозии дуюм низ мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали интихобӣ тими миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 0 бар мунтахаби Муғулистон ғалаба карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив