LIVE

Клопп: "Бозингаре, ки ба хотири Лигаи Чемпионҳо бо мост, ба ман даркор нест"

Сармураббии “Ливерпул” - Юрген Клопп ба савол дар бораи эҳтимоли рафтани футболбозон дар ҳолате, ки онҳо дар охири мавсим ба Лигаи чемпионҳо роҳ наёбанд, посух дод.
«Ман медонам, ки мо садоқат ба дастаро дар мади аввал мегузорем.   Чунин бояд набошад, ки  бозигар ба ман гӯяд: "Соли оянда мо дар Лигаи Чемпионҳо нестем, бинобар ин ман бояд равам". Чунин ҳолат дар мо набояд рух диҳад. Ман онҳоро ба қадри кофӣ медонам. Мо солҳои пеш гуфта будем, ки агар ягон бозингар намехоҳад ба ин ҷо ояд, зеро мо дар соли оянда дар Лигаи чемпионҳо бозӣ намекунем, пас ман ба ӯ ниёз надорам. Ва агар ягон бозингар рафтанӣ шавад, зеро мо дар Лигаи Чемпионҳо ширкат нахоҳем кард, пас ман ҳам ба ӯ ниёз надорам ”, иқтибос овардааст сомонаи Гол аз гуфтаҳои Клопп.
Ҳоло “Ливерпул” бо касби 43 имтиёз дар ҷадвали Премйер Лига ҳафтум аст. Даста аз минтақаи Лигаи чемпионҳо 4 хол камтар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив