LIVE

Пике: агар ба “Барса” хуни тоза лозим бошад, ман барои рафтан омодаам

Ҳимоятгари "Барселона" - Жерар Пике дар бораи мағлубият аз “Бавария” (2:8) чунин гуфт:
“Бозии даҳшатнок, ман худро бад ҳис мекунам. Чунин дар сатҳи паст бозӣ кардан дар  Аврупо ин шармандагист. Ин бори аввал, дуюм ё сеюм нест. Клуб ба тағйироти куллӣ ниёз дорад ва он на танҳо ба мураббиён ё бозигарон дахл дорад. Ман намехоҳам ба касе ишора кунам. Клуб ба тағйироти ҷиддӣ ниёз дорад. Агар ба даста хуни тоза лозим бошад, пас ман омодаам, ки аввалин шуда аз ин ҷо равам. Гумон дорам, ки мо  бояд ба хулосае оем, то барои беҳбудии “Барса”  беҳтарин кор кадом аст, дар бораи чизи муҳимтар андеша бояд кард.»- иқрор шудааст, Пике. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо “Барселона” аз “Бавария” бо ҳисоби 8:2 мағлуб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив