LIVE

Клопп “Ливерпул” сазовори ғалаба буд

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп шикасти дастаашро дар бозӣ бо “Арсенал” дар бозии даври чоруми Ҷоми Лигаи Англия шарҳ дод.
«Агар ғолибро дар 90 дақиқа муайян кардан лозим мебуд, бояд “Ливерпул”-ро муваффақ медонистанд. Аммо мо бояд лаҳзаҳои голзаниро самаранок истифода мекардем, зеро ин афсона нест. Дар ин бозӣ ба ман бисёр чизҳо писанд омаданд, зеро ҳайати дастаро тағйир додем ва бозии сазоворро мушоҳида кардем. Силсилаи пеналтӣ ин тӯҳфа нест, ҳама медонанд.
Вақте ки дар мавқеъҳои асосӣ тағйирот ворид карда мешавад, ин ба сифати бозӣ низ таъсир хоҳад гузошт.  Тарзи бозии бачаҳо ба ман писанд омад, зеро ҳунарнамоиҳои инфиродӣ зиёд буд.  
Ин метавонист дар сатҳи Премйер Лига бошад, аммо мо роҳхатро ба даст наовардем. Бозигарони ҳарду даста хуб бозӣ карданд ва ба ҳамин хотир имконияти голзанӣ кам буд", - иқрор шудааст Клопп ба ВВС.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив