LIVE

Юрген Клопп модарашро аз даст дод

Сармураббии “Ливерпул”- Юрген Клоппро модараш дунёи фониро абадан тарк гуфт. 
Дар синни 81-солагӣ, модари мутахассиси олмонӣ Элизабет Клопп аз олам чашм пӯшид. Сармураббии “Ливерпул” бинобар маҳдудиятҳои зидди коронавирус натавонист ба маросими дафн парвоз кунад. Клопп аз соли 2015 раҳбарии "Ливерпул"-ро бар ӯҳда дорад. Таҳти роҳбарии ӯ, сурхпӯшон Лигаи чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии клубҳоро ба даст оварда, пас аз 30 сол қаҳрамони Англия шуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив