LIVE

Дастаи «Кӯктош» рамзашро иваз кард

Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба хулосае омадааст, ки пеш аз мавсими нав дар даста тағйироти ҷиддӣ ворид кунад. Даста пеш аз ҳама рамз (логотип)-и худро иваз намудааст. Дар рамзи нав расми асп, ки таҷассумгари даста аст муаррифӣ мекунад, ки бо рақами 2011 тасвир ёфтааст. Инчунин дар рамзи нав 4 рахи сафед ва расми тӯб насб шудааст. Ёдовар мешавем, ки дастаи «Кӯктош» дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм аллакай саҳифаи расмии худро боз намудааст ва мухлисон имкон доранд, ки тамоми хабару гузоришҳои дастаро ба таври фаврӣ аз ин саҳифа дастрас кунанд. Ногуфта намонад, ки рӯзҳои наздик бошгоҳ сомонаи расмии худро боз мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив