LIVE

"Куктош" омодагиҳояшро ба мавсими нав шуруъ кард

Бошгоҳи Кӯктоши ноҳияи  Рӯдакӣ  мавсими гузаштаи чемпионати кишварро дар зинаи чоруми   ҷадвал ҷамъбаст намуд. Ин бошгоҳ дар 18 давр 7 пирӯзӣ ба даст оварда, дар ҳисобаш 4  бохт ва 7 мусовӣ дорад. Ҳамакнун дар мавсими нав  барои дастоварди  болотар  талош хоҳад кард. Ба ақидаи  Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев барои расидан ба ҳадафҳои худ дар  даста тағйирот зиёд хоҳад шуд. Аз ҳайати пешин футболбозон Холмурод Назаров, Собир Холматов тарки  даста намуданд. Иштироки Далер Ёдгоров бошад, зери суол аст. Узви дигари бошгоҳ Муҳсин Абуғаффоров  баъди   ҷароҳат бардоштанаш ҳанӯз барқарор   нашудааст.  Ба ҷойи онҳо  аллакай   бозигарони нав интихоб шудаанд. Аз ҷумла, Нозим Бобоҷонов, Расул Пайзов, Акбари Шелдари Араш ва якқатор легионерҳои дигар шомили даста мешаванд. Тибқи иттилои ба дастомада, рӯзҳои наздик бошгоҳи Куктош  якчанд   бозиҳои рафиқонаро бо дигар дастаҳои Лигаи олӣ  баргузор мекунад. "Ин фурсати хуб барои санҷидани маҳорати  футболбозон ва баҳо додан ба ҳолати ҷисмонию физикии онҳо  ба ҳисоб меравад"- мегӯяд Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив