LIVE

«Куктош» дар майдони худ «Душанбе-83»-ро мағлуб карда натавонист

Рӯзи 23-юми август ду бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи Олӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳурду дидор ғолиб муайян нагардид ва бозиҳо бо натиҷаи мусовӣ хатм шуданд. Бозии миёни дастаҳои футболи «Куктош» ва «Душанбе-83» ҷолибу диданӣ ва сер гол сурат гирифт. Дар дақиқаи 14-уми вохӯрӣ Элчибек Рашидбеков ба дарвозаи дастаи «Куктош»  голзанӣ намуда, ҳисоби дидор кушода шуд. Аз ҳайати дастаи футболи нҳияи Рӯдакӣ як дақиқа мондан то анҷоми қисмати аввали бозӣ Холмурод Назаров ба задани голи ҷавобӣ даст ёфт.  Бозигаи дастаи «Куктош»  Мбеке Диеудони дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ ба задани гол даст ёфту соҳибони майдон ба пеш баромаданд. Аммо пешсафии онҳо дер давом накард, зеро бо гузора шудани 8 дақиқаи дигар Аъзам Муродов голи дуюми дастаи «Душанбе-83»-ро зада, ҳисобро баробар намуд.  Дар бозии дигар, ки тимҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив-Памир» ба ҳам омадан, гол зада нашуд ва дастаҳо рақобати худро бе рахна кардани дарвозаҳои хамдигар ҷамъбаст намуданд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив