LIVE

Кӣ ғалаба мекунад, "Челси" ё "Арсенал"?

Шоми имрӯз  дар доираи бозии финалии Ҷоми Англия  дастаи “Арсенал” бо  “Челси” рақобат мекунад. Дар баробари ин барои  Лэмпард ва Артета ин имконияти хуби ба даст овардани  якумин  ҷоиза дар тӯли фаъолияти мураббигиашон бо ин тимҳо  хоҳад буд. Барои “Арсенал” бошад, ин ҷом хеле муҳим аст, зеро танҳо бо ин роҳ  метавонад роҳхати мусобиқаҳои аврупоиро  соҳиб шавад.  Мавсими ПЛА барои “Челси”  бобарор анҷом ёфт. Ин даста  зинаи чоруми ҷадвалро касб карда, ҳақи ширкат дар  Лигаи Чемпионҳоро дар мавсими оянда таъмин кард. Ноголо Канте ва Вилллиан  саломатии худро баъд аз ҷароҳат барқарор карданд ва ҳамакнун  дар финал ҳунарнамоӣ  хоҳанд кард.     Аз ҳайати “Арсенл” - Мустафи ва   Мартинели  дар бозӣ  ширкат нахоҳанд кард.  Иштироки Озил низ зери  суол аст.                             Ба ақидаи коршиносон финал хеле ҷолибу пургол хоҳад шуд. Шумо метавонед ин бозиро соти 21 -30 тавассуди шабакаи "Футбол" тамошо кунед.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив