LIVE

Сармураббии "Куктош" аз 5 бозӣ маҳрум карда шуд

Сармураббии дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев бо сабаби таҳқири довар дар бозии дастаҳои футболи “Локомотив-Помир” ва “Куктош” аз ҳаққи иштирок дар 5 бозӣ маҳрум гардида, дар баробари ин мутахассиси тоҷик бо маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд. Ёдовар мешавем, ки "Локомотив-Помир” ва “Куктош” дар даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон рақобат намуданд, ки "Локомотив-Помир” бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба намуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив