LIVE

Мураббии “Душанбе 83” аз 10 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима шуд

Дар маҷлисгоҳи федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Тоҳир Нурзода даҳумин ҷаласаи Кумитаи назорати интизомӣ доир гардид. Дар ин ҷаласа ҳолатҳои баҳснок дар ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ, бозиҳои Лигаи якум ва Лигаи олии кишвар мавраиди барраси ва таҳлил қарор гирифтанд. Тими КМВА барои риоят накардани муқаррароти мусобиқа 500 сомон ҷарима шуд. Ҳамчунин дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ ба хотири истифода аз алфози қабеҳ Аҳлидди Турдиев сармураббии ҳайати ҷавонони “Локомотив Помир” аз панҷ бози маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима шуда, худи тим низ 500 сомони ҷарима пардохт мекунад. Чунин ҳолатҳо дар Лигаи якум низ аз назари кумита дур намонад. Раҳмоналӣ Абдуллоев, сармурабби “Равшан”-и Зафаробод, Фирӯз Абдулқосимов бозигари тими “Шоҳмансур” ва Зайнулло Мирзоабдуллоев ба муддатҳои гуногун аз иштирок дар бозиҳо маҳрум ва ҷаримабандӣ шуданд. Иштирокчиёни ҷаласа ҳолати рух дода дар бозии “Душанбе 83” ва “Истаравшан”, ки баҳсҳои зиёде миёни мухлисону коршиносон барангехт  ба таври ҷиддӣ таҳлил карда шуд.  Аз ҷумла ба хотири вайрон кардани кодекси интизомии Федератсияи футболи кишвар Мирзобек Мирзоев мураббии тими “Душанбе 83” аз иштирок дар даҳ бози маҳрум шуда, ҳамчунин 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ҳамчунин ноиби Президенти ин тим Абдураҳим Мирзозода ва Далер Имомназаров бозигари “Душанбе 83” ҳам наметавонанд дар чандин бози иштирок намоянд. Ёдовар мешавем рӯзи чоруми июл дар бозии “Душанбе 83” ва “Истаравшан” афроди ҷаримашуда рафтори дағалона дошта, нисбати доварон ва масъулони баргузории мусобиқаи футбол дар чемпионати Тоҷикистон суханҳои таҳқиромез истифода карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив