LIVE

Рамзи Ҷоми Амрико-2020 расман муаррифӣ шуд

Намояндаҳои Ҷоми Амрико-2020 рамз (логотип)-и ин чемпионатро, ки дар кишварҳои Аргентина ва Колумбия баргузор мешавад, расман муаррифӣ намуданд.  Дар рамзи мазкур ранги парчамҳои кишварҳои мизбон, майдони сабз ва офтоб вонамуд шудааст. Ҷоми Амрико-2020 аз 12-уми июн то 12-уми июли соли 2020 баргузор мешавад. Аввалин маротиба бозиҳои Ҷоми Амрико яку якбора дар ду кишвар доир мешаванд. Дар ин мусобиқа иштироки 12 кишвар дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив