LIVE

Фактҳои ҷолиб дар бозии Ҷопон ва Чили

  Мунтахаби Чили дар шаш бозии охири Ҷоми Амрико дар панҷтояш пирӯз шуда, як дидори дигарро бо мусовӣ хатм кардааст.
o   Чили дар панҷ бозии хеш дар оғози мусобиқаи Ҷоми Амрико чор тояшро бо пирӯзӣ анҷом дода, танҳо дар як вохӯрӣ яъне бар зидди Аргентина дар Ҷоми Амрико-2016 бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрдааст.
o   Ин аввалин бохти Ҷопон дар Ҷоми Амрико сар аз соли 1999 ба ҳисоб меравад. Он замон ҷопониҳо дар Ҷоми Амрико дар як бозӣ мусовӣ ва ду дидори дигарро бо бохт анҷом дода буданд.
o  Яккачини Чили маротибаи аввал дар таърихи Ҷоми Амрико чор бозии охири хешро бидуни сар додани гол ба дарвозааш ба анҷом мерасонад. Охирон маротиба онҳо дар Ҷоми Амрико-2016 дар бозӣ бар зидди Панама гол сар дода буданд.
o   Эдуардо Варгас аввалин футболбози мунтахаби Чили дар Ҷоми Амрико-2019 мебошад, ки дар нахустин бозияш бо ду зарбаи дақиқаш ду голро таслими дарвозаи Ҷопон намудааст.
o   Чарлес Арангис аввалин футболбози чилигие мебошад, ки дар як бозии Ҷоми Амрико ду паси головар анҷом медиҳад.
o   Голи нахустини Чили, ки аз зарбаи кунҷӣ иҷро шуд, аввалин голи онҳо аз зарбаи кунҷӣ пас аз моҳи июни соли 2015 ба шумор меравад.
o  Эрик Пулгар аввалин голи худро дар дуюмин Ҷоми Амрико ба самар расонд. Ӯ бо пероҳани тими миллиаш 17 маротиба ба майдон баромадааст.
o  Эдуардо Варгас бо голи задааш ба дарвозаи Ҷопон беҳтарин нишонзан дар таърихи Чили дар бозиҳои Ҷоми Амрико гардид, ки дар ин фурсату фосила ӯ 12 голро таслими дарвозаи рақибон намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив