LIVE

Рекорди нав.Месси бори ҳафтум ҷоизаи "Пичичи"-ро аз они худ намуд

Сарвони тими мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи «Барселона» - Лео Месси дирӯз 21-уми декабр аз ҷониби нашрияи Marca барои беҳтарин нишонзани мавсими гузашта бо ҷоизаи «Пичичи» қадрдонӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки форварди 33 сола ҳанӯз моҳи июн барандаи ин ҷоиза шуда буд, аммо ҷоизаи мазкур дирӯз ба дасташ расид. Ин ҷоизаро аллакай бори ҳафтум Месси соҳиб мешавад. Қаблан дар солҳои 2010, 2012, 2013, 2017, 2018 ва 2019 ба гирифтани «Пичичи» даст ёфта буд.
Ҷоиза ба номи бозигари "Атлетик Билбао" - Рафаэл Морено Арансанди, мулаққаб ба «Пичичи» гузошта шудааст. Мавсими гузашта сарвони “Барса” бо 25 гол беҳтарин нишонзани Ла Лига гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив