LIVE

Рекорди Лионел Месси дар чемпионати Испания

Ҳамлавари аргентинии «Барселона» - Лионел Месси дар корномаи варзишии худ бори 7-ум беҳтарин нишонзани Ла Лига гардид. 
Месси ба задани 25 гол дар 33 бозӣ даст ёфт. Бо ин нишондод ӯ аз ҳамлагари «Реал» - Карим Бензема (21 гол дар 37 бозӣ) ва форварди «Вилярреал» - Жерар Морено (18 гол дар 35 бозӣ) пеш гузашт.
Қаблан Месси ҷойзаи «Пичичи», ки ба беҳтарин голандози чемпионати Испания дода мешавад, дар мавсими солҳои 2010, 2012, 2013, 2017, 2018 ва 2019 низ ба даст оварда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив