LIVE

Ҷанни Инфантино ба Рустами Эмомалӣ миннатдорӣ баён кард

Президенти федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино - Рустами Эмомалиро ба муносибати дигарбора ба вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик гуфт.
«Президенти мӯҳтарам, лутфан саломи гарму ҷӯшон ва табрикоти самимии маро ба муносибати дигарбора интихоб шуданатон ба симмати Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 16-уми декабр баргузор шуд, қабул кунед. Боварӣ дорам, ки шумо табрикоти маро ба муовинони президент ва дигар аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо шумо аз нав интихоб шудаанд, мерасонед.
Ман аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба шумо барои тамоми кӯшишҳову заҳматҳо ва саҳми муҳиматон дар рушди варзиши мо ва таблиғи арзишҳои он дар кишвар ва минтақаи шумо ташаккур мегӯям. Ман ба шумо ва дастаи шумо муваффақиятҳои беназирро дар корҳои ояндаатон таманно дорам. Умедворам, ки минбаъд низ бо шумо, Президенти мӯҳтарам, барои рушду нумуи футболи Тоҷикистон дар солҳои оянда ҳамкорӣ хоҳам кард», - гуфтааст президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар номаи расмӣ ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив