LIVE

Табрикоти президенти КФО ба Рустами Эмомалӣ

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа - Рустами Эмомалиро боз ба мансаби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик намуд.

      «Ҷаноби президент, ман шодам, ки табрикоти шахсӣ ва орзуҳои беҳтарини худро ба муносибати дигарбора ба мансаби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданатон дар муддати солҳои 2020-2024 дар Конгресси навбатӣ, ки дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, мерасонам». Интихоби Шумо шаҳодати эътимоди футболи тоҷик ба қобилиятҳои шумост, ки ман онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунам. Ман умедворам, ки дар ояндаи наздик бо шумо мулоқот хоҳам кард», - омадааст дар номаи расмии президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив