LIVE

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Козо Ташима

Пеш аз вохӯрии мунтахабҳои Тоҷикистон - Ҷопон дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Ҷопон - Козо Ташима мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди федератсияҳои футболи ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти Ассотсиатсияи футболи Ҷопон - Козо Ташима барои меҳмоннавозии ҳайати мунтахаби Ҷопон дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ кард. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ Президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Ҷопон - Козо Ташима ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив