LIVE

Табрикоти Инфантино ба «Истиқлол»

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар робита ба пирӯзии қабл аз муҳлати «Истиқлол»-и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон - 2020 номаи табрикотӣ фиристод. “Иҷозат диҳед бошгоҳи футболи “Истиқлол”-ро барои ҳафтумин қаҳрамонии пайдарпай шуданаш табрик кунам. Ин унвон, бешубҳа, натиҷаи заҳмат, рағбат ва садоқат аст. Ман аз номи ҷомеаи байналмилалии футбол бо истифода аз ин имконият ба шумо ва Федератсияи шумо барои рушди футбол дар Тоҷикистон, дар минтақаи шумо ва дар саросари ҷаҳон ташаккур мегӯям - омодааст дар номаи табрикотии Президенти Федератсияи байналмилалии футбол.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив