LIVE

Ҳадияи ФФТ ба сокинони шаҳри Хоруғ

16-уми ноябр бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ду майдончаи хурди футбол ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи майдончаҳо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ёдгор Файзов ва ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - Алишер Урунов иштирок намуданд. Ба гоҳи ибрози афкори меҳролудаи хеш Алишер Урунов сокинони Хоруғшаҳрро бо ифтитоҳи майдончаи тозабунёд, ки барои бозии футболи хурд пешбинӣ шудааст, таҳнияту шодбош гуфта, иқрор омад, ки минбаъд майдончаи мазкур баҳри  як зумра кӯдакону наврасон хидмат мекунад ва онҳо метавонанд дар ин майдонча ба бозии писандидаашон футбол машғул шуда, лаёқаташонро сайқал диҳанд. 
«Дуи майдончаи футболӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ ба вижа бачаҳои завқманди варзиш ҳадияи бузургу бебаҳое буда, метавонад дар кашфи истеъдодҳои нав дар риштаи футбол саҳми чашмгир бигирад ва ҳамчунин завқу салиқаи онҳоро бештар намояд», - афзуд ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - Алишер Урунов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив