LIVE

Нокомии мунтахаби Россия аз Шветсия

Мунтахабҳои Россияву  Шветсия байни ҳам бозии дӯстона анҷом доданд. Муаллифи голи якуми нерусанҷӣ  ҳамлагари шведӣ  Александер Исак гардид.  Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 72-юм  Маттиас Юханссон голи дуюми дастаашро вориди даврозаи  футболбозони рус намуд.  Дар дақиқаҳои иловагии дидор  футболбози клуби “Спартак”  Александр Соболев дарвозаи Шветсияро рахна сохт.  Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди  миллипушони Шветсия поён ёфт. Шогирдони Станислав Черчесов дар доираи бозиҳои Лигаи миллатҳо бо тимҳои миллии Туркия  (11-уми октябр) ва Венгрия (14-уми октябр) бозӣ анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин дирӯз дар доираи бозиҳои байналмилалии дӯстона тимҳои миллии Белгия ва Кот-д'Ивуар ба натиҷаи мусовии 1 бар 1 даст ёфтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив