LIVE

Голи Фатҳулло "Истаравшан"-ро дар дербии Суғд ноком сохт

Дар доираи рақобатҳои даври 14-юми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ “дербии Суғд” байни бошгоҳҳои “Хуҷанд” ва “Истаравшан” баргузор гардид.  Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи  10-ум ҳамагари мизбонон Дилшод Бозоров кушод. Дар дақиақи  23-юми рақобат бозигари “Истаравшан”  Салам Ашурмамадов  ба задани голи ҷавобӣ даст ёфт. Бо ҳамин ҳисоб дастаҳо ба танаффус баромаднад. Дар дақиқаи 54 юми нимаи дуюми дидор бо шарофати голи задаи  Фатҳулло Фатҳулоев “Хуҷанд” ба пш баромад.  Ҳаминтавр  бозӣ бо ҳисоби  2 бар 1 ба суди соҳибони майдон ба анҷом расид. Баъди сипарӣ шудани 14 давр дастаи “Хуҷанд” бо дарёфти 29 хол дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. “Истаравшан” бошад, бо дарёфти  9 имтиёз мақоми 8-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив