LIVE

“Челси” дар се соли охир 84 млн фунт зарар дидааст

“Челси” дар бозори трансферӣ фаъолтарин клуб маҳсуб меёбад. Бо хариди охирини худ  аз тими “Байр”- Кай Хавертзро ба маблағи 72 миллион фунт стерлинг (дар маҷмуъ 90 миллион бо мукофотпулиҳо)  аз ҳисоби хароҷот барои бозигарони нав аз дигарон хеле пеш гузашт. “Челси” дар байни маҳдудиятҳои молиявие, ки вобаста ба бемории КОВИД-19 аз куҷо чунин маблағи калон пайдо кард?
“Челси” дар маҷмуъ барои бозигарони нав наздик ба 240 миллион фунт харҷ намуд. 
Лондониҳо аз ҳисоби фурӯши бозигарони худ дар маҷмуъ 40 млн евро ба даст овардаанд. 
"Челси" аз ҳисоби фурӯш ва хариди бозигарони нав дар 3 соли охир 84 миллион фунт зарар дидааст. Ҳамчунин сол то сол сарфи маблағҳо барои маош низ меафзояд, ки феълан маоши бозигаронаш ба 263 млн фунтов расидааст, ки ин 40 млн аз мавсими гузашта зиёд аст.
"Челси" барои он, ки Контеро аз мақомаш ба истеъфо бифиристад, аввал 26 млн фунт ҷупронпулӣ пардохт кард.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив