LIVE

«Ливерпул» 12 моҳи оянда футболбоз намехарад

Клуби маъруфи англисӣ ба қароре омад, ки аз хариди ҳамлагари олмонии тими «РБ Лейптсиг» - Вернер ва дигар бозигарони нав даст кашад.
Премйер-Лига аз сабаби пандемияи коронавирус  дучори мушкилии иқтисодӣ гардидааст. Ин омил «Ливерпул»-ро  маҷбур намуд то нақшаҳои хешро тағйир диҳад.
 Арзиши Вернер 50 миллион фунт ва бозигари тими “Лион” - Уссема Аура 40 миллион фунт  гуфта мешавад. Барои ин ду футболбоз «Ливерпул» дар маҷмуъ бо дарназардошти маош ва дигар хизматрасониҳо 150 млн фунт сарф бояд кунад.
Яке аз сабабҳои даст кашидан аз ҷалби бозикунони нав, ин бидуни мухлис гузаронидани бозиҳо будааст, ки дар сурати чунин иқдом дастаҳои ПЛА хисороти калони иқтисодӣ мебинанд. 
Гуфта мешавад, ки мавсими оянда низ дар Англия мухлисон ба варзишгоҳ роҳ дода намешаванд ва ин дастаҳои англисиро мушаввашхотир сохтааст. «Ливерпул» барои 12 моҳи ояндааш аз хариди тамоми футболбозони нав худдорӣ мекунад, зеро маблағе, ки дорад он ҳам ба маоши ситораҳои дар ҳайат доштааш басандагӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив