LIVE

Бозгашти «Челси» бо 150 млн фунт

Додгоҳи арбитражии  варзишӣ (CAS) ба бошгоҳи “Челси” дигарбора иҷозат дод то бо футболбозони нав шарнома ба имзо расонад. ФИФА клуби лондониро барои ғайри қонунӣ бастани қарордод бо футболбозони наврас дар ду бозори трансферӣ  маҳрум сохта буд. Баъд аз шикояти “Челси” ин масоил дигарбора мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва муҳлати муҷозот аз ду ба як бозори трансферӣ кам гардид. Ҳамзамон маблағи ҷарима низ ду маробар коҳиш дода шудааст. Ба иттилои The Telegraph роҳбарияти «Челси» моҳи январи соли 2020 барои ҷалби бозигарони нав 150 миллион фунт ҷудо мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив