LIVE

Трансферҳо «Реал»-ро муфлис кардааст

Маркази таҳқиқотии CIES Football Observаtory ҳисоботи даромад ва баромади маблағҳои буҷаи тими футболи аврупоиро нашр кард. Аз ин равзанаҳои трансферӣ аз ҳама бештар клуби «Реал» зарар дидааст. Шуруъ аз соли  2019 то моҳи  феврали соли 2020 мадридиҳо барои гузариши бозигарон  181 млн € зарар дидаанд. Барои хариди бозигарони ҷадид 330 млн € сарф намуда, танҳо 149 млн € аз ҳисоби фурӯши футболбозонаш маблағ ба даст овардааст.
Мақоми дуюмро клуби англисии «Астон Вилла» (169 млн €) ва дар ҷои сеюм «Барселона»  (166 млн €) қарор доранд. 
Тиме, ки аз ҳисоби фурӯши бозигаронаш аз ҳама маблағи зиёд ба даст овардааст, ин «Челси» мебошад. Лондониҳо  аз ин ҳисоб 250 млн € маблағ ба даст оварда, танҳо   45 млн € сафр кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив