LIVE

Фати ҷавонтарин футболбози мунтахаби Испания дар 84 соли охир

Замоне, ки ӯ аввалин бозии худро бо мунтахаби Испания анҷом дод, 17 солу 308 рӯз дошт. Нимҳимоятгари “Барселона” - Анссумане Фати бо пироҳани тими миллии Испания бар зидди Олмон дар қисми дуюми бозӣ дар Лигаи Миллатҳо ба майдон баромад. Фати феълан 17 солу 308 рӯз дорад - ӯ сар аз соли 1936 аввалин бозигаре гашт, ки дар ҳайати мунтахаби Испания майдондорӣ кард.  Ҳоло ӯ инчунин яке аз се футболбози ҷавонтарин дар таърихи тими миллӣ мебошад.  Рекорд ба нимҳимоятгар Педро Регуейро тааллуқ дорад, ки 29 майи соли 1927 дар ҳайати Испания дар синни 17-солагию 161 рӯзагиаш бозӣ кардааст. Дар ҷой дуввум нимҳимоятгар Анхел Субиета мебошад, ки 24 апрели соли 1936 дар синни 17-солагию 282 рӯз доштанаш ба майдон баромадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив