LIVE

Ҷейдон Санчо рекорди Бундеслигаро иваз кард

Ниммуҳофизатгари  тими «Боруссия» Дортмунд - Ҷейдон Санчо ҷавонтарин футболбозе шуд, ки ба задани 30 гол дар  Бундеслига даст ёфт. 
Футболбоз дар даври 29-уми чемпионати Олмон ба дарвозаи дастаи «Падерборн» хет-трик намуд ва аввалин бозигари шуд, ки дар сини 20 солу 67 рӯзагиаш муаллифи 30 гол гардид. 
Бад-ин тартиб  Санчо нишондоди ниммуҳофизатгари  клуби «Байер» - Кая Хавертсро иваз кард. Ӯ 30 голро  ҳангоми 20 солу 270 рӯз доштанаш ба ҳадаф расонида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив