LIVE

🎬 Рекорди навбатии Ансу Фати дар Лигаи Чемпионҳо

Футболбози навҷавони  “Барселона” - Ансу Фати аввалин бозингаре  дар таърихи мавҷудияти Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо шуд, ки дар 17 солагиаш муаллифи гол гардид. Ансу Фати дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дар бозӣ бар муқобили “Интер” голи пирӯзиоварро ба самар расонд. Ҳангоме, ки Фати  ба ин кор даст ёфт,  17 солу 40 рӯз дошт, ки то ба ҳол дар чунин сину сол ба касе имкон даст надода буд, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо голзанӣ намояд. Ҳамакнун Ансу Фати дар ин мусобиқоти бонуфуз рекорди нав гузошт. Қаблан Фати дар Чемпионати Испания низ як чанд рекордҳои нав гузошта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив