LIVE

100 млн € барои футболбози 17-солаи «Барса»

«Барселона» давоми чанд рӯзи охир пешниҳоди бузург дар масъалаи фурӯши ҳамлавар - Ансу Фати гирифтааст. 
Тавре Sport.es хабар дод, рӯзи 4-уми июн яке аз клубҳои футбол, ки исмаш ифшо нашудааст, барои ин футболбози 17 сола 100 млн € ба клуби каталонӣ пешниҳод кард. Бо вуҷуди он, ки феълан дастаҳои футбол мушкилоти иқтисодӣ доранд, аммо ин пешниҳод аз ҷониби президенти «Барселона» - Хосеп Мария Бартомеу ҷавоби рад гирифт ва роҳбарияти даста иброз доштанд, ки Фати фурӯхта намешавад. 
Фати дастпарвари «Барселона» буд, дар мавсими ҷорӣ дар 16 бозии Чемпионати Испания ба майдон баромада, 4 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив