LIVE

Дарвозабони «Ман Сити» ба «Бетис» мегузард

Собиқ дарвозабони «Манчестер Сити» - Клаудио Браво бо дастаи «Бетис»-и Испания шартнома мебандад. Барои гузоштани имзо дар шартнома Браворо мебояд, ки аз ташхиси тиббӣ гузарад. Дар ин бора  Marca навиштааст. Клаудио Браво баъд аз анҷоми мавсими солҳои 2019/2020 қарордодаш бо «Манчестер Сити» ба охир расида буд. Футболбози 37 солаи чилигӣ бо дарвозабони рақами яки «Бетис» - Хоэл Роблес барои ҳайати аввалия мубориза мебарад. 
Дар тули фаъолияти варзишии худ  Клаудио Браво 373 бозӣ анҷом дода, дар клубҳои «Коло-Коло», «Реал Сосйедад», «Барселона» ва «Манчестер Сити» бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив