LIVE

“Тоттенхэм” соҳиби дарвозабони нав шуд

Дастаи “Тоттенхэм” дар сомонаи расми худ аз гузариши собиқ дарвозабони мунтахаби Англия - Ҷо Ҳарт хабар дод. 
Тавре иттилоъ дода мешавад, дарвозабони 33-сола бо клуби лондонӣ то тобистони соли 2022 шартнома бастааст. “Тоттенхэм” барои ҷалби футболбози англис маблағ сарф накард, зеро  Ҷо Ҳарт агенти озод буд. 
Охирин клуби Харт дастаи “Бёрнли” маҳсуб мешуд, ки аз соли 2018 дар ҳайати он бозӣ мекард ва бо анҷом ёфтани муҳлати созишнома, тарки дастаи мазкур кард. Ҷо Ҳарт беҳтарин фаъолияти варзишии худро дар дастаи  “Манчестер Сити” гузаронидааст.  Ӯ аз соли 2006 то 2018 узви шаҳриҳо буд. Бо дастаи “Ман Сити” ӯ 6 ҷоиза ба даст овардааст, ки ду маротиба қаҳрамони Англия,  барандаи Ҷом ва Суперҷоми Англия гаштааст. Дар ҳисоби дастовардҳои вай ҳамчунин ду Ҷоми Лига низ мавҷуд аст. Ҳамчун дар баробари “Манчестер Сити”  Ҷо Ҳарт дар ҳайати “Транмер Роверс”, “Блэкпул”, “Бирмингем Сити”, “Торино” ва “Вест Хэм Юнайтед” бозӣ кардааст.  Вай аз соли 2008 то 2017 дарвозабони асосии тими миллии Англия буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив