LIVE

Беҳтарин нишонзани Аврупо ба “Барса” мегузарад

Ҳамлагари “Латсио” - Чиро Иммобиле метавонад фаъолияти худро дар “Барселона” идома диҳад, менависад Sport.es.
Бино ба иттилои манбаъ, "Барселона" ин футболбозро ҷойгузини ҳамлагар Луис Суарес мешуморад, ки эҳтимол дорад дар ояндаи наздик футболбози уругваӣ ҳайати нилунориҳоро тарк кунад.  Пештар хабар дода шуда буд, ки Суарес метавонад ба “Ювентус” гузарад.
Форварди итолиёвӣ дар Латсио аз соли 2016 бозӣ мекунад. Дар мавсими гузаштаи Серия А дастаи ӯ ҷои чорумро гирифт.
Чиро Иммобиле дар мавсими 2019/2020 бо 35 гол беҳтарин нишонзани топ 5 чемпионати Аврупо шуд ва кафши варзишии тиллоиро ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив