LIVE

Беҳтарин голзани Италия гирифтори коронавирус шуд

Чуноне, ки мо медонем имрӯз бемории коронавирус марзи Италияро убур кардааст ва хатари сахт ин кишварро таҳдид мекунад, ки таъсири он ба футбол низ рабт дорад. Дирӯз хабаре паҳн шуд, ки форварди дастаи "Латсио" - Чиро Иммобиле аз сабаби таби баландаш дар тамринҳо иштирок намекунад. Бино ба иттиллои манбаъ Иммобиле дар охирин тамринҳо бо ҳамдастагонаш ба майдон набаромад, ки сабаби онро дар таби баланд ё хатари коронавирус арзёбӣ мекунанд. Сармураббии дастаи "Латсио" - Симоне Инзаге гуфтааст, ки Чиро Иммобиле дар бозӣ бар муқобили дастаи "Болоня", ки 29-уми феврал доир мешавад, ба майдон меояд. Ёдовар мешавем, ки дар ин мавсим Иммобиле дар 25 бозии дастааш ширкат намуда, ба задани 27 гол даст ёфтааст. Айни ҳол ӯ беҳтарин нишонзани Серияи А мебошад.
Қаблан хабар дода буданд, ки дар Италия шумораи сироятшудагони коронавирус ба 322 нафар расида, шумораи фавтидагон ба 12 нафар мерасад. Эҳтимоли бе иштироки мухлисон гузаронидани бозиҳо то 1-уми март низ пешгӯӣ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив