LIVE

Роналду соҳиби “кафши тиллоӣ” намешавад

«Ювентус» ҳайати худро барои бозӣ бо дастаи «Рома» дар даври охири чемпионати Италия маълум кард. Дар феҳристи бозигарони тими туринӣ исми ҳамлагар Криштиану Роналду ба мушоҳида намерасад.  
Ҳамин тавр футболбози португалӣ имкони ба даст овардани “кафши тиллоӣ”-ро дар мавсими ҷорӣ аз даст дод. Дар ҳисоби Роналду 31 гол ба қайд гирифта шудааст. 
Беҳтарин ҳамлавари топ-5 чемпионат форварди «Латсио» Чиро Иммобиле  бо 35 гол маҳсуб мешавад.  Нишонзани  «Бавария» Роберт Левандовски 34 гол дорад. 
Ёдовар мешавем, ки Роналду 4 маротиба барандаи “кафши тиллоӣ” шудааст. Вале охирин маротиба ӯ дар ин рақобати инфиродӣ соли 2015 баранда шуда буд. Ситораи футбол 5 мавсим аст, ки пайиҳам дар голзанӣ аз дигарон ақиб мемонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив