LIVE

Кингсли Коман қаҳрамони финалии Лигаи Чемпионҳо

Дар варзишгоҳи «Да Луш» шаҳри Лиссабони Португалия бозии ниҳоии мусобиқаи бонуфузи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо сурат гирифт. Дар ин рақобати тақдирсоз, ки аз анҷоми мавсими футбол дар қитъаи Аврупо дарак медиҳад, дастаҳои  «Бавария» ва «ПСЖ» байни ҳам нерусанҷӣ карданд. Қисмати аввали бозӣ бе задани гол хамт шуд, ҳарчанд ҷонибҳо имкониятҳои голзании хуб дошанд, бахусус Неймар дар як ҳолат метавонист дарвозаи Нойерро рахна кунад. Ҳамзамон зарбаи Роберт Левандовский ба сутуни дарвоза бархурд. Чунин ҳолатҳои мусоиди голзанӣ дар ҷараёни рақобати ниҳоӣ кам набуданд. Дар қисми дуюми рақобат як ҳуҷуми бозигарони “Бавария” самараи дилхоҳ ба бор овард. Партофти муҳофизатгари канории бошгоҳи мюнхенӣ Йозуа Киммихро футболбози фаронсавии дастаи “Бавария” - Кингсли Коман ба гол табдил дод. Ин зарабаи бо сар анҷом додани бозигари мазкур ғалабаи дастаашро дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо таъмин намуд. “Бавария” бори шашум дар таърихи хеш ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид. Ёдовар мешавем, ки сар соли 1998 бори аввал аст, ки дар финали Лигаи Чемпионҳо як гол зада мешавад. Аз рӯи ғалабаҳо дар ин мусобиқаи маъруф «Бавария» бо «Ливерпул» баробар шуд. Клуби олмонӣ бо англисӣ бо шаш ғалабагӣ мақоми сеюмро ишғол мекунанд. Аз ин ду даста бештар “Милан” 7 маротиба ва “Реал Мадрид” 13 маротиба Ҷоми Лигаи Чемпионҳоро моли худ кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив