LIVE

Вертонген: ин охирин мавсими ман дар "Тоттенхэм" буд

Ҳимоятгари "Тоттенхэм" - Ян Вертонген ишора намуд, ки дар баробари анҷоми мавсим  дастаашро тарк кард.

Вақти ман дар клуб ба охир расид. Аз рӯи чанд омил ин рӯз бароям ғамовар аст. Ман пазмони дӯстонам мешавам, ба вижа онҳое, ки дар ин даста кӯмак мерасонанд. Варзишгоҳи замонавӣ, муҳимтар аз ҳама ман пазмони мухлисон хоҳам шуд. Ташаккури зиёд ба Шумо, ки ин ҳама солҳо дар канори ман будед. Мо хотираҳои бисёр ҳам хуб дорем. Аммо ин Худоҳофизии мост. 
Ёдрас мекунем, ки шартномаи ин футболбози белгигӣ бо “Тоттенхэм” дар баробари анҷоми мавсими ҷорӣ ба итмом расид. Лондониҳо қарордоди нав бо ин футболбози худ бастан намехоҳанд.   Бозигари мазкур аз соли 2012 шарафи «Тоттенхэм»-ро ҳимоя мекунад.  Футболбози белгиягӣ 315 бозӣ анҷом дода, ба задани 14 гол даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив