LIVE

“Ювентус” Чемпиони Италия гашт

Дар бозии даври 36-уми чемпионати Италия   дастаи “Ювентус” дар майдони худ тими “Сампдория”-ро қабул кард. Ҳисоби дидор дар дақиқаҳои  иловагии нимаи якуми бозӣ аз ҷониби Криштиану Роналду боз карда шуд. Дар дақиқаи 67-ум Федерико Бернардески бартарии мизбононро дучанд сохт. Дар дақиқаи 77-ум меҳмонон бинобар  аз бозӣ рондани Мортен Торсби 10 нафара бозиро идома доданд.   Дар дақиқаи 89-ум  Роналду имкони  ба номаш дублро сабт сохтан дошт, вале  пенлатиро ба гол  табдил дода натавонист. Ҳамин тавр “Ювентус” бо дарёфти 83 имтиёз  қабл аз муҳлат   қаҳрамони Италия гашта,  9-умин   маротиба пайиҳам ва 36-умин бор   дар таърих   ғолиби Серияи А гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив