LIVE

Хонаи бозигари “Ливерпул”-ро ғорат карданд

Зимни бозии дастаҳои футболи “Ливерпул” ва “Челси” (5-3) манзили зисти нимҳимоятгари бразилӣ - Фабинйоро хорат кардаанд.  Замоне, ки дуздон ба хонаи ӯ ворид шудаанд, худи бозигар дар Энфилд бо ҳайати дастааш чемпионии Англияро таҷлил мекард. Ба иттилои пулиси шаҳр аз манзили зисти бозигари “Ливерпул” ҷавоҳироти қиматбаҳо ва мошини тамқаи  Audi RS6 ранги хокистарӣ дошта, ба яғмо бурда шудааст. Фабинйо бозигари навбатии “Ливерпул”  аст, ки манзили зисташ мавриди ҳамлаи ҷинояткорон қарор мегирад. Қаблан манзили истиқоматии Садио Мане, Деян Ловрен, Роберто Фирмино, Пепе Рейн, Даниэл Аггер ва Ежи Дудекро низ ғорат карда буданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив