LIVE

Модрич бо 12 млн евро хонаи нав харид. АКСҲО

Дар уруфият мегӯянд: Пул, ки бисёр шуд, ҷойи партофтан намемонад. 

Лука Модрич, ниммуҳофизатгари дастаи "Реал" ҳамроҳ бо аҳли оилааш ба хонаи нав кӯч баст. Футболбози хорватӣ бо маблағи ҳангуфти 12 млн евро, ки ин ба пули сомонӣ тақрибан 107 миллиону 623 ҳазору  711 баробар аст, манзили наверо харидорӣ кард. Хонаи нави ӯ дар ноҳияи Ла Моралеха дар шимоли шаҳри Мадрид, ки аслан макони будубоши шахсони сарватманд аст, ҷойгир мебошад. Масоҳати қитъаи замин 10,000 метри мураббаъ буда, масоҳати худи хона 2700 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Манзили нав аз 9 хонаи хоб, 9 ҳамом, утоқи маҳскунӣ, толорои варзишӣ, утоқи барҳаво дар рӯ ба рӯи боғ, ҳамчунин 10 гараж барои нақлиёт иборат аст. Дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ барои 18 ҷойи нишаст, утоқ барои шабнишинӣ ва инчунин майдони бозии кӯдакон мавҷуд аст 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив