LIVE

Аллиро дар хонаи худ аввал латукӯб ва баъдан ғорат карданд

Ниммуҳофизатгари «Тоттенхэм Хотспур» - Деле Аллиро шаби 12-уми май дар манзили истиқоматиаш ғорат карданд, дар ин бора The Sun хабар медиҳад. Дар дили шаб ду тан аз афроди номаълуми силоҳбадаст ба манзили зисти футболбози мазкур даромада, дар ин замон Алли бо хонуми худ Руби Мэй ва дӯстонаш билярд бозӣ мекардааст. Дар натиҷа ниммуҳофизатгар ва яке аз дӯсти ӯ ҷароҳат бардоштанд. 
Ғоратгарон соати қимматбаҳои Richard Mille ва Audemar Piguet-и Аллиро гирифта, ҳамчунин зару зевари Мэйро низ бо худ бурдаанд. 
Шахсияти ҷинояткорон то ба ҳол муайян карда нашудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив