LIVE

«Ливерпул» аз қитъаи Осиё футболбоз мехарад

Бошгоҳҳои «Ливерпул» ва «Ред Булл Залтсбург»-и Австрия дар мавриди гузариши бозигари мунтахаби Ҷопон Такуми Минамино ба мувофиқа расидаанд. Тавре иттилоъ дода мешавад, бошгоҳи англисӣ омодааст моҳи январ ин муомилотро анҷом диҳад. Дар қарордоди Минамино бо тими австриягӣ дар мавриди ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 8 млн € дарҷ гардидааст. Ёдовар мешавем, ки ду футболбоози кунунии «Ливерпул» Садио Мане ва Наби Кейта низ тавассути системаи «Залтсбург» ба футболи ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив