LIVE

7 чеҳраи асосӣ дар роҳи қаҳрамонии «Реал»

«Реал» аз шаҳри Мадрид  бори аввал баъд аз мавсими солҳои 2016/17 қаҳрамони Испания  шуд. Бошгоҳи шоҳона  қабл аз  эълони карантин ду имтиёз аз «Барселона» ақиб мемонд, аммо баъди карантин мадридиҳо дар 10 бозӣ пайдарҳам ғалаба карданд, ки дар ин пойгаҳи мубориза «Барселона» тоб оварда натавонист.  
Тибо Куртуа
Дарвозабони белгиягӣ дар мавсими аввали омаданаш ба Мадрид муътадил бозӣ намекарду пайваста ба иштибоҳҳо роҳ медод.  Мухлисони «Реал» низ аз ӯ розӣ набуданд.   Баъд аз чунин танқидҳо интизор мерафт, ки Тибо дигар ба ҳолати қаблии худ бар намегардад, вале ин дарвозабон ба худ омаду беҳтарин мавсимро сипаӣ кард.  
Куртуа дар ин мавсим бо Облак барои унвони беҳтарин дарвозабони Ла Лига мубориза мебарад.  Футболбози белгиягӣ дар 18 бозӣ гол сар надодааст. Дар маҷмуъ ӯ дар 33 бозӣ 21 гол хурдааст. Тибо Куртуа бе шубҳа аз лиҳози сейвҳои анҷомдода низ дар ин мавсим беҳтарин аст. 
Серхио Рамос
Рамос дар 34 солагиаш низ ба ҳангомасозии худ идома медиҳад. Дар баробари он, ки ӯ кори худро дар қимати муҳофизати дастааш ба хуби иҷро мекунад, ҳамчунин саҳмаш дар задани голҳо низ зиёд аст. 
Дар ин мавсим танҳо Бензема аз Серхио голи бештар задааст. Рамос дар мавсими ҷорӣ 12 гол дорад. Дар 9 бозии охир капитани «Реал» ба задани 6 гол даст ёфтааст. 
Алабатта Серхио бештари голҳои худро аз ҷаримаи 11 метра задааст, аммо иҷрои пеналти низ ҳунар аст. Яке аз хислатҳои наҷиби Рамос ин дар устувории асабҳояш аст, ки интизор мешавад то дарвозабон ҳаракати аввалинро иҷро кунад ва тӯбро ба кунчи холӣ равона мекунад. Дар дидор бо «Атлетик» Рамос пеналтии 20-уми пайёпай худро иҷро кард. Бори охир ӯ аз иҷрои ин кор соли 2018 баромада натавониста буд. 
Ҳолати ҷисмонии футболбози испанӣ низ хуб аст. Серхио аз касбияти собиқ ҳамдастааш  Криштиану бисёр чизҳоро омӯхтааст.  Ба ҳамин хотир ҳолати ҷисмонии ӯ аз ҳамлагари португалӣ тафовуте надорад. Серхио беҳтарин муҳофизатгари голандоз дар таърихи  Ла Лига гашта, ба 500-умин бозии худ дар Ла Лига наздик мешавад.  Серхио имкон дорад, ки рекорди Андони Субисарретро 622 бозӣ дар Чемпионати Испания иваз кунад. 
Тони Кроос
Ниммуҳофизатгари олмонӣ чун тамоми бозикунони «Реал» дар мавсими гузашта бад бозӣ карда буд. Аммо дар мавсими имсолаи футбол дар Ла Лига касбияти сатҳи баланди худро нишон дод. Тони бозикуни калидии маркази майдон маҳсуб мешуд.  Ниммуҳофизатгари олмонӣ дар партофтҳои диагоналӣ ба худ ҳамто надорад ва аз рӯи ин нишондод дар Ла Лига беҳтарин ба ҳисоб меравад. Дар ин мавсим Кроос дар топ-5 Лигаи футболӣ танҳо аз Пауло Дибала ақиб мемонад.
Аз футболбози олмонӣ Зидан хоҳиш намудааст, ки зарбаҳои худро аз масофаи дур бештар иҷро намояд ва ин боис шуда, ки ӯ ба задани 6 гол ва 8 паротфи головар даст ёфтааст. 
Аз лиҳози партофтҳои самаровар Кроос  баъд аз Бензема мақоми дуюмро ишғол мекунад. 
Амали хотирмонтарини Кроос дар ин мавсим партофти голвараш ба Винисиус дар «Эл Классико» ба ҳисоб меравад.  Тони қабл аз он, ки тӯбро ирсол кунад, аввал бо ишорааш ба футболбози бразилӣ макони партофташро нишон дод, ки дар натиҷа Винисиус голи зебоеро ба ҳадаф расонид. 
Кроос мақсади рафтан аз «Реал»-ро надорад. Борҳо гуфтааст, ки дар ин тим ба корномаи худ хотима мебахшад. Агар ин корро кунад, пас ӯро ба феҳристи бозикунони дастони клуб шомил бояд кард. 
Каземиро

Каземиро аз зумраи бозигарони «Реал» маҳсуб мешавад, ки дар сатҳи баланд солҳои тулонӣ бозӣ мекунад. Ин мавсим низ ӯ бозии муҷаллоро нишон дод. 
Каземиро бозигари калидии Зидан маҳсуб мешавад. Мутахассиси фаронсавӣ борҳо иқрор шудааст, ки ҷой футболбози бразилиро   дар «Реал» на Канте ва Камавинга гирифта наметавонад. Футболбози бразилӣ то ба ҳол ҳаҷми калони корро иҷро мекунад ва ҳамзамон ба муҳофизатгарон кӯмак мекунад. 
Каземиро  бозигаре маҳсуб мешавад, ки  ҷамбаҳои заиф надорад.  Маҳз ин омилҳо боис барон шудаатс, ки Зидан ҳамеша аз истеъдоди ӯ васф мекунад. 
Федерико Валверде
«Реал» анъанаи махсус дорад, ки бозигарони ҷавони барзилиро мехарад ва барои ояндааш тарбия мекунад. Винисиус мавсими дуюмро дар ҳайати аввалия мегузаронад.  Родриго дар ин мавсим ба ҳайати якум ҷалб мешавад. 
Вале то ба ҳол он бразилиҳое, ки бошгоҳи шоҳона барояшон маблағи калон сарф кард, ба боварии мухлисон даромада натавонистанд. Дар ин миён футболбози ҷавони дигар аз  Америкаи Ҷанубӣ- бозигари уругваӣ  Федерико Валверде, ки «Реал» соли 2016 барои ӯ маблағи хандаовар барои футболи имрӯза 5 млн евро пардохт кард, кашфиёти асосии мавсим дар  «Реал» гардид. 
Дар кашфи футболбози ҷавони уругваӣ  саҳми сармураббӣ Зидан ба ғоят калон аст. Коршиноси фаронсавӣ бо Валверде аз ибтидои мавсим кор кард ва ӯ дар ҳайати асосӣ мавқеъ пайдо намуд.  
Миёни мухлисони “Реал” Валверде бо тахаллуси  «инсони дорои ду дил» маъруфят дорад. Федерико воқеан ҳам дар майдон кори зиёдеро иҷро мекунад. Федерико аз ҳама футболбози тоқатфарсо дониста мешавад. Дар «Реал» ӯ бо давиданҳои тезаш чӣ дар оғози бозӣ ва чӣ дар анҷоми он шуҳрат пайдо кардааст.
Ба  Валверде аллкай дастаҳо берун аз сарҳади Испания таваҷҷуҳ доранд. Аввалин шуда «МЮ» ба клуби шоҳона пешниҳод кард, аммо “Реал” арзиши ӯро дар бозор 500 миллион баҳогузорӣ кард. Чунин маблағи калон пурсидан маънии онро дорад, ки ӯ фурӯхта намешавад. 
Карим Бензема
Дар бораи ин шахс  Карим Бензема метавон дуру дароз қиса кард. Ба ҳар ҳол Карим яке аз футболбозони хати ҳуҷум мебошад, ки нисбаташ беэътиноӣ зоҳир мешавад.  
Карим кореро кард, ки қариб, ки иҷрояш номункин аст. Ӯ наздики 10 сол дар сояи Криштиану Роналду қарор гирифт ва боре ҳам аз ин ҳолати худ шикоят накард. Ҳамдигарфаҳмии ӯ футболбози португалӣ хуб буд. 
Бо рафтани Криштиану нишондодҳои Бензема хуб шуд. Дар мавсими солҳои 2018/19 ҳамлагари фаронсавӣ 21 гол дар Ла Лига зада буд. Бензема дар ин мавсим 19 гол дар  Ла Лига задааст. Чун Рамос, Бензема низ ба ҳолати ҷисмонии худ тиққати махсу медиҳад. 
Алабатта  Каримро бештар барои кам будани шумораи голҳояш танқид мекунанд, аммо фаромуш накард, ки ӯ дар  «Реал» бозигар барои иҷрои зарбаҳои ҷаримавӣ ё пиналтӣ маҳсуб намешавад. Дар ин мавсим Бензема ба задани 21 гол ва 11 партофти головар даст ёфтааст. Аз рӯи ин нишондод ӯ танҳо аз Лионел Месси ақиб мемонад. Футболбози аргентиниро 23 гол ва 20 партофти головар дар номаш дарҷ шудааст.  Феълан Бензема ба мақоми панҷуми нишонзанҳои беҳтарини «Реал» баромад. 
Зинедин Зидан
Бозгашти дуюми Зидан ба «Реал» бо худ шаку шубҳаҳо оварда буд. Бисриҳо ба нишондоди дубораи Зинедин бовар надоштанд. Вале мутахассиси фаронсавӣ бори дигар исбот кард, ки ӯро намешавад аз феҳристи беҳтаринҳо дур сохта. 
Дар мавсими аввалини баргашташ Зидан баъд аз се соли интизорӣ ғолиби чемпионати Испания шуд. Зидан натанҳо ҷоиза ба даст овард, балки мушкилиҳои дохилии дастаро, ки дар замони роҳбарии Лопетеги ва Солари пайдо шуда буданд, бартараф кард. Дар ин миён мураббии кордон ба чуз аз Роналду дигар бозигарони калидии дастаро, ки бо онҳо се маротиба Лигаи Чемпионҳоро ба даст оварда буд, дар ҳайат нигоҳ дошт. Ягона нафаре, ки таъби мураббиро хира кард, ин Эден Азар буд.
Зидан бидуни Азар низ аз уҳдаи кор баромад. Мураббии мазкур дастаро аз лиҳози равонӣ дар сатҳи баланд омода сохта, қисмати муҳофизатро низ пуркувват сохт. Ҳамин буд, ки дар мавсими ҷорӣ 23 гол сардодааст. 
Ягона мушкилоти дастаи Зидан ин камфаъолӣ дар хати ҳуҷум мебошад. Бенземаро сину солаш ба ҷое расидааст ва Винисиус бошад, ҳанӯз ҷавон аст. Барои ҳали мушкилӣ дар хати ҳамла Эден Азар оварад шуд, ки футболбзи белгиягӣ аз сабаби ҷароҳатҳои бардоштааш дар мавсим хуб баромад карда натавонист. 
Зидан баъд аз соли  2018 тарки даста намуд. Флорентино Перес бошад, дарк намуд, ки бидуни ӯ кор пеш намеравад. Зидан баргардонида шуд, аммо бо нақшаҳои беҳтар аз соли аввали омаданаш.  Ҳамакнун мураббӣ дигарбора ба боварии роҳбарият даромад. 
Фаромуш намекунем, ки «Реал» бо Зидан дар як мусобиқаи дигар, Лигаи чемпионҳо низ иштирок мекунад. «Манчестер Сити» дар бозии аввал ғалаба кард, аммо баъд аз танаффус мадридиҳо ба ҳолати қаблии худ баргаштаанд ва яке аз дастаҳои пуркувват маҳсуб мешаванд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив